Дар рӯзҳои оянда сокинон Замин як падидаи нуҷумии нодирро таҷриба хоҳанд кард, ки дар он ҳафт сайёраи Манзумаи шамсӣ ба таври ҳамзамон дар осмони шаб қобили мушоҳида хоҳанд буд

Инҳо Миррих, Муштарӣ, Уран, Зӯҳра, Нептун, Атторуд ва Зуҳал ҳастанд, хабар додааст портали ScienceAlert.

Падидае, ки ба номи сафкашии сайёраҳо маъруф аст, замоне рух медиҳад, ки ҳар ҳафт сайёра наздик ба ҳам бошанд ва як асари нурӣ ба номи ҳамтарози сайёраии бузург эҷод мекунад.  Хотирнишон мешавад, ки беҳтарин замон барои мушоҳидаи ҳаддиаксари теъдоди сайёрҳо билофосила пас аз ғуруби офтоб дар 28-уми феврал ва дар тӯли ҳафта хоҳад буд. Фақат чанд дақиқа баъд аз ғуруби офтоб фурсат хоҳад буд, то онҳоро қабл аз ин, ки ба зери уфуқ расанд, дида шаванд. Эдвард Блумер, ситорашиноси расадхонаи салтанатӣ дар Гринвич мегӯяд: «Пас аз он, шумо ҳамчунон метавонед барои муддати тӯлонӣ Зӯҳра, Муштарӣ ва Миррихро ба хубӣ бинед. Ин манзара бисёр нодир аст ва мумкин аст то соли 2040 дигар такрор нашавад».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь