Ким Чен Ин, раҳбари Куриё Шимолӣ гуфт, Куриёи Шимолӣ аз иқдомоти Русия дар чаҳорчӯби Аҳдномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва нақшаҳои таҳкими тавонмандиҳои ҳастаии ин кишвар “дастгирӣ ва ташвиқ” хоҳад кард.

Ким Чен Ин гуфтааст, артиш ва мардуми Ҷумҳурии халқӣ-демократии Куриё ҳамеша кори одилонаи артиши Русия ва мардуми Русияро барои дифоъ аз истиқлол, амният ва тамомияти арзии худ мутобиқи шартномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни ҶХДК ва ФР дастгирӣ ва ташвиқ хоҳанд кард.

Вай ҳамчунин аз ҳамкориҳои сеҷонибаи низомии Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида интиқод кард. Ба гуфтаи вай, ин ҳамкорӣ дар минтақа номутавозунӣ эҷод мекунад ва боиси афзоиши танишҳо мешавад.

Раҳбари ҶХДК қайд кард, мехоҳад бунёди нирӯҳои ҳастаиро идома диҳад ва барои таъмини мувозинати низомии минтақавӣ дар кишвар чораҳои устувори ҷавобӣ андешад.

Ба гуфтаи Иёлоти Муттаҳида, Куриёи Ҷанубӣ ва Укроин, мақомоти ҶХДК тақрибан 11 000 сарбози Куриёи Шимолиро барои ширкат дар ҷанги Русияву Укроин фиристодаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь