Раиси Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмуроди Раҳмон мегӯяд, ки бо маблағҳои инвеститсионӣ мо ҳеҷ вақт заҳбуру заҳкашҳои ҷумҳуриро таъмир карда наметавонем. Мавсуф ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон иброз намуд.
Ба гуфтаи Холмуроди Раҳмон заҳбуру заҳкашҳои ҷумҳурӣ бояд ҳар сол як бор тоза карда шавад.
– Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати зиёди шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла бо лоиҳаҳои инвеститсионӣ бунгоҳҳои минтақаҳои Кӯлобу Қурғонтеппа, инчунин вилояти Суғд аз таъмир бароварда шуданд,- афзуд Холмуроди Раҳмон.
Ба қавли роҳбари Агенти беҳдошти замини Тоҷикистон 70 дарсади техникаҳои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо омодаи коранд. Ва дар оянда агентӣ барои харидорӣ кардани техникаҳои муосир аз ҷумҳурии Чин азму талош дорад.
Нигора Саидбекова