Дар соли 2017 тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба 862 ҳазору 500 нафар мусофир хизматрасонӣ анҷом дода шудааст, ки аз ин ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 355 ҳазору 900 мусофир ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 506 ҳазору 600 мусофир рост меояд.

Дар умум дар соли сипаригашта тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа) 2 миллиону 14 ҳазору 600 мусофир интиқол дода шудааст.

Дар баробари зиёд шудани ҳаҷми мусофирбарӣ дар соли 2017 саҳми ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар бозори интиқоли мусофирон 42,6 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2016, 7,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон парки умумии тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон («Тоҷик Эйр» – 37 адад, «Сомон Эйр» – 6 адад, «Хатлон Эйр» – 3 адад ва «Азия Скайлайнз» – 4 адад) ҳамагӣ 50 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 14 адад коршоям, 6 адад корношоям ва 30 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд.

Имрӯзҳо аз Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ватанӣ ба 34 самти 8 давлатҳои хориҷи дуру наздик (Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, АМА, Туркия, Ҳиндустон ва Германия» парвозҳо иҷро карда мешаванд, ки аз ин ба ҶСК «Тоҷик Эйр» – 13 самт ва ҶДММ «Сомон Эйр – 21 самт рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо аз ҷониби ҶСК «Тоҷик Эйр» бо тайёраҳо ва чархболҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Ан-28, Ми-8 МТ ва аз ҷониби ҶДММ «Сомон Эйр» бо тайёраҳои Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737 900 анҷом дода мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь