Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Эдиллӣ ноҳияи Хоҷаванд боз як қабри дастаҷамъӣ ёфт шуд. Дар ин ҷо низомиёни арманӣ озарбойҷониҳои дар рафти Ҷанги якуми Қарабоғ кушташударо ба таври оммавӣ гӯр кардаанд. Дар ин қабр ҷасади 12 нафар дарёфт шудааст. 

Аз либосҳои ҳамроҳи ҷасадҳои ёфташуда бармеояд, ки онҳо афсарони  дасту пояшон бо сим  ва ресмон баста шуда будаанд.

Бояд қайд намуд, ки ин марқади дуюми ёфтшуда дар деҳаи Эдиллӣ аст, ҷое, ки арманиҳо озарбойҷониҳоро бо бераҳмии хоса кушта дастаҷамъӣ зери хок кардаанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ, айнан ҳамин ҳодисаи ваҳшиёнаро 26 рӯзноманигор аз кишварҳои Фаронса, Нидерланд, Чехия, ИМА, Украина, Молдова, Туркия, Ҷазираҳои Кипр, Малайзия, Япония, Миср ва Алҷазоир дар рафти кашф намудани қабри дастаҷамъонаи якум дар деҳаи Эдилии Хоҷаванд ба навор гирифтанд.

Дар Додситонии ҳарбӣ аз рӯи далели кашфи гӯри дастаҷамъии афроде, ки эҳтимол хизматчиёни ҳарбии артиши Озарбойҷон дар ҳудуди деҳаи Эдиллии ноҳияи Хоҷаванд буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот муайян кард, ки дар давраи Ҷанги Якуми Қарабоғ дастаҳои мусаллаҳи режими ғайриқонуниву сепаратистии Арманистон ва Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон фаъолияти ғайриқонунӣ анҷом дода, меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро дағалона вайрон кардаанд, аз ҷумла талаботи моддаи 17 созишномаи Женева аз 12 августи соли 1949 «Дар бораи беҳтар намудани вазъияти захмиён ва беморон дар кушунҳои ҳарбӣ»-ро риоя накарда, соли 1993 дар деҳаи Эдиллии ноҳияи Хоҷаванд 25 маҳбус, эҳтимолан низомиёни артиши Озарбойҷонро барои хусумати миллӣ кушта ба таври дастаҷамъӣ ба хок супурдаанд.

Ҳангоми гузаронидани тафтишот дар ҳудуди деҳаи Эдиллии ноҳияи Хоҷаванд рӯзҳои 23-26 феврали соли 2022, дар вақти аз назаргузаронӣ боқимондаҳои устухонҳои 7 нафар ва рӯзҳои 14 -30 сентябри соли 2022 боқимондаҳои устухони 18 нафар аз қабрҳои дастаҷамъӣ дарёфт ва берун оварда шуданд. Аз рӯи парванда ташхисҳои зарурӣ таъин шуда, намунаҳои боқимондаҳо ба санҷиши судии молекулярӣ-генетикӣ фиристода шуданд.

Шамсӣ Ҷанаҳмед оғли Шихалиев, сокини ноҳияи Фузулӣ, ки шоҳиди ин ҳодисаҳо буд ва аз 28 августи соли 1993 то 14 декабри соли 1994 дар Арманистон зери асорат ва мавриди шиканҷаҳои мухталиф қарор гирифта буд, ҷабрдидаи ин ҳодисаҳо эътироф шудааст.

Дар асоси нишондоди шоҳидон ва дигар маълумотҳо муқаррар карда шуд, ки дар давраи ҷанги якуми Қарабоғ аз ноҳияҳои наздик ба Эдиллӣ асирону шахсони ба гарав афтодаро меоварданд. Чанде баъд аз ин нуқтаи тақсимотӣ, онҳо ба дигар ноҳияҳои Қарабоғ ва Арманистон фиристода мешуданд. Арманиҳо низомиёни ба асиргирифтаву дар шаҳр мондаро ба таъмири роҳҳо маҷбур мекарданд. Дар корҳои таъмиркунӣ аз сангҳои хонаҳои озарбойҷониҳо, ки дар ҷараёни низоъ тахриб шуда буданд, истифода шудааст.

Ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар аллакай дар бораи кашфи ҷасадҳои инсонӣ дар деҳаи Эдиллии ноҳияи Хоҷаванд ва ин ҷинояти хунини Арманистон алайҳи Озарбойҷониҳо иттило дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар бораи 4000 озарбойҷонӣ, ки дар ҷанги аввали Қарабоғ бедарак шудаанд, то ҳол ягон маълумоте нест ва Арманистон аз ошкори макони гӯрҳои дастаҷамъӣ худдорӣ менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь