1000 истиқоматкунандаи деҳаи Ёвон, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, ниҳоят ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд. Бошандагони деҳа беш аз 30 сол аз норасоии об танқисӣ мекашиданд.

Дар гузашта ҷӯю сойҳо ва каналҳои обёрӣ ягона сарчашмаҳои оби нӯшокӣ барои деҳа маҳсуб меёфтанд ва асосан занону духтарон соатҳои зиёдро барои обкашонӣ сарф мекарданд, ки ин ба саломатии ҷисмонӣ ва умуман солимии тамоми аъзои оила бинобар сабаби ба стандартҳои нӯшокӣ ҷавобгӯй набудани обҳои рӯизаминӣ зиён дошт. Ҳоло бошад шабакаи оби нӯшокӣ бо ташаббусу дастгирӣ ва саҳми бевоситаи маҳалла мавриди истифода қарор дорад.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилоти маблағгузор – Каритас Олмон ва Ташкилоти ҷамъиятии иҷрокунанда “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон” (ХАОМ) дар маросими ифтитоҳ ширкат дошт, бунёди шабакаи оби нӯшокиро яке аз дастовардҳои бузург дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Ӯ ба ҳамаи тарафҳое, ки дар ин кор саҳм доштанд, изҳори сипос намуда, ҳамзамон зикр кард, ки талошҳои муштарак ҳамеша ба муваффақиятҳо бурда мерасонанд.

Ин шабакаи худҷорӣ, ки обро аз чашма таъмин мекунад, бо маблағҳои донор ва саҳми бевоситаи сокинони деҳа бунёд гардид. Корҳои иҷрошуда асосан аз кандани хандақ, насби қубурҳои пластикӣ бо дарозии 5 км ва сохтани ҳавзи бетонии захирасозии об бо ҳаҷми 105 метри мукааб иборат буд. Роҳбарони маҳалла, алалхусус занон, ки масъулияти обкашӣ асосан бар души онҳост, дар ҳамаи чорабиниҳои марбут ба таъмини оби деҳа фаъолона ширкат варзиданд.

Бунёди шабакаи таъмини оби нӯшокӣ ҷузъи лоиҳаи “Омодагии фарогир ба офатҳо тавассути мустаҳкамгардонии иқтидори институтсионалӣ ва фаъолияти даромадоваранда дар ноҳияи Айнӣ” мебошад, ки аз тарафи Каритас Олмон маблағгузорӣ мегардад. Ҷиҳати таъмини устуворӣ, лоиҳа иқтидори институтсионалии кумитаи маҳалро ба ҳайси мақомоти худидоракунӣ дар сатҳи маҳал мустаҳкам намуд. Ҳамин тариқ, кумитаи маҳали деҳаи Ёвон нахустин кумитаи маҳал дар ноҳияи Айнӣ аст, ки расман ба қайд гирифта шуда, дорои мӯҳр ва суратҳисоби бонкӣ мебошад. Маблағҳое, ки барои ҳаққи хизмати обтаъминкунӣ аз хонаводаҳо ҷамъ карда мешаванд, барои ҳалли ниёзҳои маҳалла бо таваҷҷӯҳи хос ба коҳиши хатари офатҳо истифода хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь