Нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюми он ҳавои номусоид, пастшавии дамои ҳаво ва боронҳои бошиддат дар назар аст. Мувофиқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳавои ин моҳ ба моҳи октябри  соли 2016 шабоҳат хоҳад дошт.

Дар шаҳри Душанбе дамои миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳи октябр ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, бориш аз эҳтимол дур нест.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон дамои аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 15+18 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+14 дараҷа гарм мешавад. Нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 19 ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии дамоиҳаво дар назар буда, шабона то 15 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд дар моҳи октябр дамои меъёри иқлимӣ паст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар ноҳияҳои водӣ то 13 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳо нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 17 ва  рӯзона то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Бориш бо шиддати гуногун дар нимаи дуюми моҳ дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.

Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дамои ҳаво моҳи октябр аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, то 18 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят нимаи аввали моҳ дамои ҳаво шабона 11 ва  рӯзона то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии дамои ҳаво дар назар буда, шабона то 3 дараҷа ва рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ бориш бо шиддати гуногун дар назар дошта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here