Вазорати маориф ва илм бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкор озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»ро роҳандозӣ кардааст.
Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ дар оғози озмун гуфт, ки чорабинии мазкур охири ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун 5 омӯзгор ширкат мекунанд. Инҳо омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ Мунира Куканбекова, омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумов, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муродҷон Ҳайдаров, омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Дилбар Шоева ва омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб Ҷонибек Сафаровҳастанд, ки аз рӯйи шартҳои гуногун ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмуни 3 рӯз идома ёфта, ҷамъбасти он 29уми декабр дар назар дошта шудааст.