Дар автодроми воқеъ дар километри 7-уми шаҳри Душанбе озмуни «Авто-Бону-2018» баргузор шуд. Он бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар гузаронида шуд.
Дар озмуни “Авто-Бону-2018”, беш аз 50 нафар бонуи ронанда, аз тамоми манотиқи кишвар ширкат кардаанд. Озмун аз рӯи 5 давр, аз ҷумла “Варақаи боздид”, “Ман ва автомобилам”, “Донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ”, “Рондани автомобил дар автодром”, “Ёрии аввалияи тиббӣ” ва “Маҳорати кадбонугӣ” гузаронида шуда, ғолибон муайян гардиданд.
Ҷойи аввал ва ҷоизаи “Авто-Бону-2018”-ро Мадина Назарова сазовор гардид, ҷойи дуюмро Силсиламоҳ Азимова ва Муътабар Азимова ба даст оварданд, ҷойи сеюм ба Сабзалиева Раҳима, Усмонова Барногул ва Салмонова Сурайё насиб гардид.
Ғолибонро муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон бо иди Рӯзи Модарон табрику таҳият гуфта, ба онҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ифтихорнома, диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим кард.
Зарринаи Ғайрат
Акс аз “АП”