Чанд рӯз аст, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон резиши барф ва бориши шадиди борон ба амал меоянд. Ин ҳолатҳо боиси фуромадани тарма дар баъзе роҳҳои мошингард шудаанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба вебгоҳи farazh.tj хабар доданд, борони шадид ва резиши барф сабабгори фаромадани тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб гардидааст. Ин ҳодиса субҳи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар киломатри 60-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб ба амал омадааст, ки дар натиҷа тарма роҳ ва ҷараёни оби рӯдхонаро бастааст.
Ба хотири бартараф сохтани оқибатҳои тармафароӣ кормандони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо техникаи зарурӣ сафарбар карда шудаанд, ки лар натиҷаи талошҳои якҷоя роҳ аз барф тоза карда шуда, мошинҳо дубора дар ин самт ба ҳаракат даромадаанд.
Инчунин, барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон аз ҷониби гуруҳи наҷотдиҳандагони КҲФ дар километри 62-уми роҳи Душанбе – Айнӣ 24 соат навбатдорӣ карда мешавад.