2-юми майи соли равон соати 03:00 як сокини 25-солаи деҳаи Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич, ки дар саҳро чорвочаронӣ мекард, бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст. Бо дарёфти хабар афсарони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.
2-юми майи соли 2025, соати 10:15 як духатри 18-сола, сокини кӯчаи Сулҳи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми аксгирӣ дар истироҳатгоҳи шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётӣ пояш лағжидаву ба дарёи Сир сарозер шудааст. Бо дарёфти хабар имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот ин духтари ҷавонро зинда наҷот доданд. Ҳамон рӯз, тахминан соати 07:00 дар километрҳои 5 то 25-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, бар асари бориши боронҳои пуршиддат аз селроҳаҳо сел ва сангреза фаромада, роҳ муваққатан барои ҳама намуди воситаи нақлиётҳо баста гардид. Барои бартараф кардани ҳодиса 4 техника аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Айнӣ сафарбар гардида, соати 15:10 роҳ барои ҳама намуди нақлиёт боз шуд. Ҳамчунин дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнӣ, сел ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонд.
Боз ҳам ҳамон рӯз, соати 16:10, дар километрҳои 144 ва 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мавзеи Хушекати ҷамоати деҳоти ноҳияи Айнӣ, бар асари бориши борони пуршиддат сел омад ва роҳро барои ҳаракати ҳамаи гуна мошинҳо баст. Барои бартараф кардани ҳолати баамаломада, 2 тнхника аз ҷониби ширкати IRS ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 19:20 роҳ аз селовардаҳо пок карда шуд.
Дар ҳамон рӯз, тахминан соати 17:10, дар километри 290 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, мавзеъи Зиғари ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, бар асари боришоти борон аз селроҳа сел омада, роҳи мошигардро барои ҳаракати нақлиёт номумкин кард. Барои бартараф кардани он 1 техника аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Шоҳин сафарбар гардида, соати 00:30 роҳ боз шуд.
Соати 17:10 бар асари бориши боронҳои зиёд, дар ҷамоатҳои Чоргул ва Даҳанаи ноҳияи Ёвон, сел ба заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон лойқа ворид кард. Аз ҷумла, дар деҳаи Гулафшон -3 ҷамоати деҳоти Чоргул ба 5 замини наздиҳавлигӣ; дар деҳаи Гулистон-2 ҷамоати деҳоти Даҳана ба 4 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд. Тибқи маълумоти пешакӣ шаҳрванд Ҷалолиддини Акбаралӣ, соли таваллудаш 2013, истиқоматкунандаи деҳаи Якатути ҷамоати деҳоти Даҳана, ки бо ҳамроҳии бародараш дар доманакӯҳ машғули чорвочаронӣ буд, зери сел монда, ба ҳалокат расидааст. То кунун ҷустуҷӯи ҷасади номбурда натиҷа надодааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ хабар медиҳад.