98,2 дарсади донишҷӯёне, ки тариқи Маркази миллии тестӣ ба муасиссисаҳои олии кишвар дохил шудаанд, аз ин низом розӣ будаанд.

Директори ММТ Хуршед Икромӣ дирӯз, 24-уми январ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҳузури хабарнигорон овозаҳо дар мавриди норозӣ будани довталабону донишҷӯёнро аз фаъолияти ин марказ рад кард.

Номбурда гуфт, дар як пурсишномае, ки соли гузашта тариқи пинҳонӣ миёни 3000 донишҷӯёни соли аввали донишгоҳу донишкадаҳои кишвар гузаронидаанд, 98,2 дарсадашон аз низоми  марказонидашудаи дохилшавӣ қаноатманд ҳастанд.

 -Имсол низ ният дорем чунин пурсишро миёни 5000 нафар донишҷӯи курси якум гузаронем, то бубинем ба кадом натиҷа расидаем, – гуфт Икромӣ.

Чунин изҳороти директори ММТ дар ҳолест, ки баъзе аз донишҷӯёни тариқи ин марказ ба муасиссаҳои олии кишвар дохилгардида, аз маҷбуран дар тақсимот ба факултетҳои дигар гузаштанашон, изҳори норизоят мекунанд.  Ин ба он маъност, ки аксари донишҷӯён баъди тақсимоти ММТ ба омӯзиши касбе машғул мешаванд,ки онро нахоста буданд. Оқибат ин донишҷӯён пас аз гирифтани диплом аз рӯи тахассус фаъолият намекунанд ва дар қадами аввал барои таъмини зиндагӣ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь