Дар таътили имсола аз муассисаҳои таълимию томактабии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 10 ҳазору 860 кӯдак дар се марҳила ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.
Раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Ёвон Абдуллозода Қурбоналӣ дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар назди 65 муассисаи таълимӣ ва 7 муасссаи томактабӣ истироҳатгоҳҳо ташкил карда мешавад. Ӯ афзуд, ки дар се марҳила 10860 кӯдак ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд, ки аз ин 240 нафарашон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб фиристода мешаванд.
Иттилоъ дода шуд ба ҳукумати ноҳияи барои ташкили истироҳатгоҳҳо аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия 122 ҳазор сомонӣ мактуб карда шудааст, дар сурати ҷудо шудани маблағ аз ҳисоби буҷет фаъолияти истироњатгоњњо оғоз мегардад.
Аммо аз Раёсати Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, ки то ҳол мактуб ба дасти онњо нарасидааст ва дар сурати дастрас шудани мактуб имкон доранд, ки маблағро ҷудо кунанд.