Бар асари як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон панҷ узви як оила ҷон додаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  рӯзи 25-уми апрели соли 2025, тахминан соати 14:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс” Калтаев Орзу Камолович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Ҷойламаи ҷамоати деҳоти Ҳусейнови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари қисмати рости роҳ сарозер шудааст. Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина модари ронанда Эламонова Муҳаббат Раҷабмуродовна, соли таваллудаш 1966, ҳамсари ронанда Абдураҳмони Зубайда, соли таваллудаш 1998, писарони ронанда, хурдсолон Калтаев Авазҷон Орзуевич, соли таваллудаш 2023, Калтаев Муҳаммадҷон Орзуевич, соли таваллудаш 2021 ва янгааш Ғафорова Зуҳро Сатторовна, соли таваллудаш 1973, сокинони ҳамон ҷо, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь