Дар ноҳияи Ёвон қарзҳои мушкилситон 24 миллиону 690 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки барои баргардонидани онҳо аз тарафи кормандони нозироти андози ноҳия тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Сардори нозироти андози ноҳияи Ёвон Валӣ Сафолов ба хабарнигори рӯзномаи «Фараж» гуфт, ки қарзҳои мушкилситон бештар ба корхонаҳои «Тоҷикхимпром» 12 миллиону 654 ҳазор, ҶДММ «Хима Текстил» 5 миллиону 92 ҳазор, ҶДММ «Анахита» зиёда аз 1 миллиону 247 ҳазор сомонӣ, «Ёвон Котон» 1 миллиону 126 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Эком» ва чанд заводи пахта рост мебояд.
Ӯ гуфт барои баргардонии қарзҳо тамоми чораҳое, ки қонунгузорӣ муайян карда шудааст, дида шудааст. Яъне. хазина ва сурратҳисоби корхонаҳо масдуд карда шудааст.
Ҳамчунин, манбаъ қайд кард, ки ба ҷуз ин боз дар назди нозироти андоз дигар муштариён низ ба маблағи 7 миллиону 403 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.