Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон дар назди шабакаҳои барқи ноҳия 20 миллион сомонӣ ва аз андоз 187 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Масъулони идораи мазкур омили пайдо шудани қарзи барқро гаронии нархи он арзёбӣ карданд.
Сармуҳосиби Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон Бобохуҷа Бобоев гуфт, ки идораи оби ноҳияи Ёвон аз шабакаҳои барқ 20 миллион сомонӣ қарздор мебошад.
– 5 миллион ин қарз дар 5 соли охир пайдо шуда, боқӣ қарз аз солҳои пеш ҳастанд, – афзуд номбурда.
Манабъ илова кард, ки дар як сол бо харҷи 6 миллион сомонӣ барқ мегиранд, аммо ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳамагӣ 1,5 миллион пардохт мешавад. Аз ин ҳисоб сол то сол қарзи барқи идора ба ҷойи кам шудан зам гардидааст.
Ҳамчунин, Бобохуҷа Бобоев қайд кард, ки ба ҷуз қарзи барқ Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия аз андоз наздики 187 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
Иттилоъ дода шуд, ки 10 ассотсиатсияи об дар назди Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 12 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки барои баргардонидани ин қарз ба суди иқтисоди муроҷиат шудааст.
– Агар онҳо қарзҳои худро пардохт кунанд, мо низ саривақт қарзи андоз ва барқро месупорем, – зикр кард мавсуф.