Дар вилояти Хатлон дар се моҳи соли ҷорӣ ба 1 ҳазору 141 нафар ёрии пулӣ ба мабалғи 601 ҳазор сомонӣ дода шудаст, ки аксари онҳоро ҷавонони аз хизмат баргашта ва маҳбуосни озошуда ташкил медиҳанд.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзалзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 242 нафар шахсони бекори дар қайди мақомот буда бо ёрии пулӣ таъмин гардида, ба 1 ҳазору 141 нафар ёрии пулӣ ба маблағи 601 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.
Ӯ гуфт, ки ёрии пулӣ ба 46 нафари аз кор озодшуда, ки маблағи он 51 ҳазору 370 сомонӣ, 208 нафари аз маҳбас озодшуда 105 ҳазор сомонӣ ва ба 887 ҷовони аз сафи Қуваҳои мусалаҳ баргашта 445 ҳазор сомонӣ ёрии пулӣ пардохт карда шудааст.
Аммо зимни суҳбат чанде аз ҷавононе, ки аз хизмат ҳарби баргаштаанд, гуфтанд, ки бояд се маротиба ёрии пулӣ гиранд, вале як маротиба додаанду халос.
Масъулони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки чунин мушкил ҳаст ва омили он кам маблағгузорӣ шудан мебошад.