Иёлоти Муттаҳида ба сокинони зарардидаи Исфара ёрӣ расонд. Кӯмакро тариқи ҳавопаймои боркаши Вазорати дифои ИМА ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Дар ин бора сафорати Амрико дар Душанбе хабар медиҳад. Бино бар иттилоъ кӯмаки аввалия аз кат, матрас, рахти хоб ва либоси зимистона иборат мебошад.

“Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ашёро барои қонеъ кардани ниёзҳои башардӯстонаи мардуми Тоҷикистон, ки аз даргириҳои марзӣ дар вилояти Суғд осеб дидаанд, муҳим арзёбӣ кардааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ин кӯмакҳоро тақсим карда, ба осебдидагон кӯмак мерасонад”, – омадааст дар хабарномаи сафорати Амрико дар Душанбе.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябр дар натиҷаи даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чандин хонаҳои сокинони маҳаллӣ осеб диданд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь