Ин чеҳра барои бисёре аз ҳамсолони ман ва аз мо бузургтарҳо ошност. Ӯ яке аз гӯяндаҳои маҳбуби телевизиони Тоҷикистон буд, ки дар даҳаҳои 1980 ва 1990 бештар барномаҳои хабариро  иҷро мекарданд.

Соли 1986,  вақте барои кор ба Телевизиони Тоҷикистон омадам, Мунаввара Усмонова (Худо биёмурзад!) дар канори Мусаллама Мухторова, Имомалӣ Тоҳиров, Абдуаҳад Мирзоаҳмадов, Георгий Мазуровский, Санавбар Раҳимзода ва бархе аз гӯяндаҳои тозакор чеҳраҳои телевизиони миллии мо буданд.

Ҳар шаб садҳо ҳазор нафар дар саросари кишвар интизори барномаҳои хабарии танҳо шабакаи телевизиони сартосарии кишвар менишастанд то аз забони ин муҷриёни сухандону нуктафаҳм бо хабару рӯйдодҳои муҳими ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ошно бишаванд. Яке аз вежагиҳои кори Мунаввара Усмонова ин буд, ки ӯ ҳам ахбори тоҷикӣ мехонд ва ҳам русӣ!

Мунаввара Усмонова, фарзанди Аҳмадҷон Қосимов, бародари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди бузурги театр ва синамои тоҷик аст ва бо писари Мушаррафа Қосимова (аз шавҳари нахустинаш), Мумтоз Усмонов издивоҷ карда буд. Мумтоз Усмонов дар донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён забони ҳиндӣ меомӯхт. Ӯ 12 декабри соли 2015 ба ҷовидон пайваст.

Субҳи имрӯз, 12 июл қалби ҳамсари Мумтоз Усмонов ҳам дар 71 солагӣ аз тапидан бозмонд. Мунаввара Усмонова тақрибан аз ду ҳафта бад-ин сӯ дар бемористони маҳаллаи «Якуми Советҳо»-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва бо бемории КОВИД 19 мубориза мебурд, аммо ҳазор таассуф ки натавонист бар он пирӯз шавад.

Ба ҳамкорам Далер Усмонов ва ҳамаи пайвандону наздиконаш даргузашти Модари азизашонро таслият мегӯям. Худованд ин Модари ҳунарманд ва суханварро биёмурзад!

Мунаввара Усмонова дар канори шавҳари меҳрубон ва модаршавҳари машҳураш дар гӯристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе маскан гирифт.

Рӯҳи ҳамаи гузаштагони мо шод ва ёдашон гиромӣ бод!

Суҳроби Зиё

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here