Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ буд, таъин шудааст. Дар ин бора “Asia-Plus” дар такя ба як манбаи худ хабар дод, аммо далелҳои барканории Ёдгор Файзов гуфта нашудааст.
Ин манбаи муътамад ва наздик ба ҳукумати ВМКБ ба “Asia-Plus” гуфтааст, ки ин тағйирот субҳи 5-уми ноябри ҳосил шуда ва қарор аст имрӯз баъд аз зуҳр раиси нави вилоят муаррифӣ шавад. Аммо маълум нест, ки Ёдгор Файзов ба мансаби дигари давлатие таъину пешбарӣ шудааст ё не.
Дар ҳамин ҳол Ғолиб Ниётбеков, сухангӯйи ҳукумати ВМКБ дар як тамоси телефонӣ ба “Asia-Plus” гуфтааст, ки “ҳоло чизе дақиқ нест, барои дақиқ шудани ин мавзуъ пас аз нисфирӯзӣ тамос гиред”.
Ҳамчунин як мансабдорои баландпояи ҳукумати ВМКБ ба гуфтааст, ки дар назар аст, ки соатҳои 12-13-и имрӯз маросими муаррифии раиси нави вилоят сурат бигирад.