Дар рӯзи мавлуди сароянда ва олими равоншод Ҷӯрабек Назриев барои поси хотир рӯи марқадаш мақбара бунёд гардид. Ҳамчунин, аҳли илму адаб ва фарҳангиёни кишвар имрӯз дар оромгоҳи Лучоб ҷамъ омадаву зикри хайр ва дуову фотиҳа карданд.
Писари марҳум Шаҳриёр Назриев аз падар ёд карда, зикр кард, ки барои поси хотири он кас пайванди падарро бо бародарону дӯстон ва шогирдони қадрдонашон мекӯшанд канда накардаву қавитар созанд.
Ӯ гуфт, бо ба вуҷуд омадани вазъи эпидемологӣ натавонистанд, ҳамаи ёру дӯстони падарашонро бар сари марқадашон даъват кунанд, аммо боз ҳам ихлосмандонашон маросими гарм бунёд карданд.
Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим аз ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Ҷӯрабек Назриев ёд карда, гуфт, ки кори тадқиқотии он кас дар адабиётшиносии муосир комилан чизи нав буд.
– Рисолаи “Мактабии Шерозӣ ва достони “Лайливу Маҷнун”-и ӯ” дар адабиётшиносии тоҷик бо вазну ранги нав таълиф гардида буд, ки куллан навоварӣ буд ва мо онро бо шавқ мутолиа мекардем.
Сарояндаи варзида Қурбоналӣ Раҳмон пайравии мактаби хоси овозхонии Ҷӯрабек Назриев кардани худ ва дигар шогирдонашонро иброз дошта, ин мактабро марзшикан зикр кард, ки тамоми форсизабонони ҷаҳонро маҷзуби худ кардааст.
Ҳамчунин, ӯ аз дӯстии хуби Ҷӯрабек Назриев ва Аҳмад Зоҳир ёдоварӣ карда, аз сафарҳои бардавоми ӯ ба Афғонистон зикр кард.
Аҳли байт, дӯстону шогирдон ва дигар ҳаводорону ихлосмандони марҳум зикри хайри ӯро карданд.
Ҷӯрабек Назриев овозхон, олим ва узви вобастаи АМИТ 24-уми майи соли қабл бар асари гирифтор шудан ба бемории ҳамагири коронавирус дар синни 74-солагӣ олами фониро падруд гуфт.
Меҳрофарин Наҷибӣ