Дирӯз, 29-уми май, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии собиқ президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев маросими ёдбуд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони ВАО ва сафоратхонаҳо иштирок карданд.
Алимирзамин Аскаров, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, аз қаҳрамониҳои собиқ президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ки баҳри барпо намудани сулҳу субот саҳми арзандаи хешро гузоштааст, ёдовар шуд.
Пас аз фарҷоми суханони ҷаноби сафир меҳмонон аз суратгузориши Сафорати Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Блоки рекламавӣ