Дар соли 2022 аз ҷониби кормандони прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо ба 401 қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шудаст, ки аз ин миқдор 165 адади он ба қарори раисони амалкунанда тааллуқ дорад.

Прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, бо натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонуни Конистутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” соли 2022 ба 401 қарори ғайриқонунии раиисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки аз ин миқдор 165 адад, ё 41 дарсади он, ба қарори раисони амалкунанда тааллуқ дошта, қисми зиёди онҳо ба масъалаҳои замин алоқаманданд. Бештари эътирозҳо нисбати қарорҳои раисони ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ ва Восеъ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин диққати асосӣ барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳо дар марҳилаи аввал барои ишғол ва сохтмони худсарона дода шуда, 4 ҳазору 517 санади эътиноии прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 2658 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 448 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

– Ҳамзамон, 5 ҳазору 61 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, 45 гектар аз сохтмонҳои нотамом, сангу шағал ва симтурҳо ба ҳолати аввала баргардонида шуданд, – гуфт Абдураҳим Раҳимзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь