ҶСК “Бонки Эсхата” дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз Green Economy Financing Facility (GEFF) омода аст татбиқи технология ва таҷрибаро бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои об, энергетика ва дигар захираҳо, кам кардани тағирёбии иқлим дар соҳаҳои саноат, тиҷорат, манзил, нақлиёт ва кишоварзӣ, хонаводаҳо ва корхонаҳои тоҷикро дастгирӣ намояд.

Бо мақсади татбиқи барномаи мазкур, Бонк бо БАТР созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми 4 миллион доллари ИМА ба имзо расонид ва аввалин Муассисаи молиявии шарик шуд, ки ба барномаи дар боло номбаршуда дар соли 2021 ҳамроҳ гардид.

«ҶСК “Бонки Эсхата” бо лоиҳаҳо дар соҳаи маблағгузории сабз ва бахши тиҷорати хурду миёна таҷрибаи бой дорад. Мо шодем ва Бонки Эсхатаро, ҳамчун шарики нави барномаи GEFF Тоҷикистон истиқбол мекунем.  Итминони комил  дорем, ки дар ҳамкории дуҷониба дар кори мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди сабз саҳми босазо мегузорем» – гуфт ҷаноби Кайрат Шалабай, менеҷери лоиҳаи “GEFF Тоҷикистон”.

«Барномаи GEFF дар самти ҳамкорӣ бо шарики рушди мо БАТР саҳифаи навро мекушояд. Маблағҳои дар доираи ин барнома бадастомада барои мизоҷони ҶСК “Бонки Эсхата” бо мақсади сармоягузории минбаъда ба технологияҳои баландмаҳсуле, ки иқтисоди “сабз” -ро дастгирӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Бонки Эсхата дар пайравии яке аз ҳадафҳои стратегии худ ӯҳдадор аст, ки минбаъд низ дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва экологиро дастгирӣ намуда, афзоиши қарздиҳиро дар самти маблағгузории сабз, инчунин васеъ намудани тиҷорати бахши кишоварзӣ, тавассути маблағгузории технологияҳои дорои иқтидори баланди рушд таъмин намояд.

Боварӣ дорам, ки фаъолият дар доираи барномаи GEFF ба рушди соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони дигар хоҳад бахшид ”- гуфт ҷаноби Райнер Мюллер-Ханке, Раиси Раёсати ҶСК “Бонки Эсхата”.

“GEFF Тоҷикистон” лоиҳаи БАТР мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Фонди Иқлими Сабз (GCF), Ҷумҳурии Корея (Корея) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) корбарӣ  менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь