Сухангӯи ҳукумати Эрон Фотима Муҳоҷиронӣ гуфт, ки рӯзи 28-уми апрел дар саросари Эрон дар пайи таркиш дар бандари Шаҳиди Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон мотами миллӣ эълон шудааст.
Қаблан мақомот ва расонаҳои Эрон дар бораи кушта шудани 28 нафар ва захмӣ шудани беш аз 1205 нафар хабар дода буданд, аммо ин омор субҳи имрӯз нав шуд. Акнун дар бораи кушта шудани 40 кас ва маҷруҳ шудани 1241 кас хабар медиҳанд.
Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба ҳамтои эрониаш номаи таслият равон кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар номааш ба Масъуд Пизишкиён аз ин ҳодиса ба унвони “инфиҷори шадид” ёд карда навиштааст, “барои марҳумон раҳмату мағфират ва барои маҷруҳон шифои комил хоҳонам.”
Баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе дар бандари Шаҳиди Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббос таркиши шадид рух дод. Муҳоҷиронӣ ба хабаргузории Форс гуфтааст, ки ин ҳодиса дар як анбори дорои маводи кимиёвӣ рух додааст, аммо қазоват кардани сабаби дақиқи он ҳанӯз мушкил аст. Ҳамзамон расонаҳо хабар доданд, ки таркиш дар натиҷаи оташ задани яке аз зарфҳои сӯзишворӣ рух додааст. Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, инфиҷор ба ҳадде буд, ки садо дар ҷазираи Қешм, воқеъ дар тақрибан 20-километрии Бандар Аббос, дар Халиҷи Форс, шунида шудааст. Таркиш тирезаҳоро дар радиуси чанд километр шикастааст. Мақомоти кишвар дастур тафтиши ҳодисаро додаанд.