Хабаргузории “Меҳр” бо такя ба баёнияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) хабар медиҳад, ки раиси Бюрои сиёсии ҷунбиши ҲАМОС-и Фаластин Исмоил Ҳаниё бар асари ҳамла ба қароргоҳи худ дар Теҳрон кушта шуд.
“Роҳбари бюрои сиёсии ҷунбиши муқовимати Фаластини ҲАМОС Исмоил Ҳания дар Теҳрон ба шаҳодат расид”, – омадааст дар гузориш.
Мушаххас шудааст, ки марги Ҳания субҳи чаҳоршанбе бар асари ҳамла ба манзилаш рух додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин ҳамла як муҳофизи Ҳаниё низ кушта шудааст. Вазъи ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Ҷунбиши ҲАМОС (Ҷунбиши муқовимати исломӣ) дар як изҳороти расмӣ марги раиси Бюрои сиёсиро эътироф карда, Исроилро дар ин ҳодиса айбдор кард. Ин ҷунбиш гуфтааст, ки ҳамлаҳо пас аз ширкати Ҳаниё дар маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон рух додаанд.