20-уми июн ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён таҷлил мешавад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳадафи таъкид бар мушкилоти паноҳандагон дар саросари ҷаҳон таъсис ёфтааст.
Афғонистон аз соли 1979, пас аз муноқишаи низомӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ҷангу нооромиҳо ширкат дошт. Ин вазъият ба иқтисодиёт, бо кор таъмин кардан, вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амнияти кишвар зарари калон расонд. Пас аз ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон ва бад шудани вазъи иқтисодӣ дар кишвар вуруди паноҳандагони афғонон ба кишварҳои мухталиф, ба хусус ба Эрон, бештар шудааст.
Мавзӯи паноҳҷӯёни афғон ба ҳадде печида аст, ки дар рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон ба як мавзӯъи умда табдил шудааст.
Ба иттилои расонаи эронии “ИРНА” Эрон аз ҳамсояи шарқии худ беш аз се миллион гуреза қабул кардааст, ки бахши қобили мулоҳизаи онҳо ҳатто бидуни ҳуҷҷат ва сабти номи паноҳанда кор мекунанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон тамоми талошҳоро барои бароварда сохтани ниёзҳои паноҳҷӯён, аз ҷумла таъмин бо манзил, шуғл, беҳдошт ва таҳсил кардааст.
Тибқи як иттилои Маркази муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон ҳудуди 10.000 паноҳандаи афғон ба сар мебаранд.
Коршиносон бар ин боваранд, ки бӯҳрони Афғонистон ба далели ҷанг дар Украина фаромӯш шудааст ва паноҳандагони афғон, бо табъизи шадид рӯбарӯ ҳастанд.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, дар моҳи декабри соли 2021 Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, дар дидор бо Филиппо Грандӣ, Комиссари олии паноҳандагон дар Созмони Милал, аз хидматҳои Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон ситоиш карда ва онро нокофӣ хонд.
“Бӯҳрони вуруди паноҳҷӯёни афғон ба марзҳои ҳамсоя зиёд аст ва ҳаҷми кумакҳои байналмилалӣ хеле ночиз аст”, – гуфт вазир.
Вазири корҳои хориҷаи Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки кишварҳои аврупоӣ бояд дар ин замина саҳми худро анҷом диҳанд ва ҳарчанд ҳузури чанд ҳазор паноҳҷӯ дар марзҳои Аврупо ба як бӯҳрон табдил мешавад, аммо наметавон ҳамеша мунтазири кумак аз Эрон бошад.
Коршиносон бар ин боваранд, ки кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти таҳримҳои шадид қарор дорад.
Ҳамин тариқ, вазъи душвори башардӯстона ва иқтисодии Афғонистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯҳдадориҳои сиёсиву маънавии худро дар назди мардуми Афғонистон иҷро накардааст, балки танҳо изҳори нигаронӣ аз вазъи ин кишвар мекунад.
Исматулло Абдуллоев