Роҳбарияти Бонки миллии кишвар мегӯяд, эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ зиёд гардидааст. Шаҳодати гуфтаҳо бештар бо сомонӣ дар бонкҳо пасандоз гузоштани сокинон будааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни нашасти матбуотӣ гуфт, то охири соли гузашта бақияи умумии пасандозҳо 15,5 миллиард сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 5,3 милллиард сомонӣ, ё ба андозаи 52,6 дарсад, зиёд аст.
– Пасандозҳо бо пули миллӣ 55,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 44,3 дарсадро ташкил медиҳад, ки аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунони иқтисодиёти кишвар ва бештар гардидани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ гувоҳӣ медиҳад, – гуфт Холиқзода.
Гуфта шуд, шахсони воқеӣ дар ин давра дар бонкҳои кишвар 8,1 миллиард сомонӣ пасандоз гузоштаанд, ки 52,1 фоизро аз ҳаҷми умумии пасандозҳо ташкил додааст. Пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ 7,4 миллиард сомонӣ, ё 47,9 дарсад, будааст.