Иқдоми Tcell таҳти унвони “Бурд намо”(Лови удачу) ба итмом расид ва барандагони он тӯҳфаҳои худро,  аз қабили ноутбукҳо, телефонҳои ҳушманд, Smart TV ва албатта ҷоизаҳои олии аксия- 6 автомобили Hyundai, соҳиб шуданд.

Дар дафтарҳои Tcell дар  Душанбе ва Хуҷанд маросими бошукӯҳи тақдими ҷавоиз ба ғолибон сурат пазируфт. Ҷуғрофиёи ғолибон, ки дар марҳилаи ниҳоии иқдом “бахташон хандид” хеле бузург буда, онҳо намояндагони гӯшаву канори Тоҷикистонанд: муштариён аз Душанбе, Ишкошим, Ҳисор, Фархор, Ёвон, Норак, Панҷакент, Конибод, Исфара, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Бохтар барандаи иқдом шуданд.

Яке аз ғолибон – Азиза Кушманова ҳамагӣ бо як ID-рақам автомобили  Hyundai Accent бурд кард. Ӯ эҳсосоташро чунин баён дошт: «Ман ҳеч бовар надоштам, ки соҳиби автомобил мешавам. Ҳамин тавр, барои “мабодо” паёмак ирсол кардаму бас. Бахтам омад кард, аз ширкати Tcell барои чунин тӯҳфа хеле миннатдорам”. Муштарии дигар, ки Абдухалил Бобоев аз шаҳри Бохтар аст, мегӯяд “духтарам маҷбур кард, ки дар иқдом ширкат намоям” ва ҳоло соҳиби мошини Hyundai Accent шудам.

Ҳамчунин, Тоштемиров Баҳромҷон аз Ашт ва Бахтовар Давитқулов автомобили Hyundai Accent бурд карда, Дилором Раҳимова аз Норак ва Мунаввархуҷа Холдоров аз Исфара соҳиби Hyundai Tucson шуданд.

Директори генералии ширкати Tcell шахсан бо ғолибони аксия мулоқот карда, калиди автомобилҳоро ба соҳибонашон супурд ва онҳоро бо бурди ҷоизаҳо табрик гуфт.  «Аксия бе иштироки Шумо, муштариёни Tcell ғайриимкон буд, аз ин рӯ ман мехоҳам ба ҳамаи муштариёне, ки аз саросари Тоҷикистон дар ин иқдом ширкат варзиданд, изҳори сипос кунам. Ташаккур ба Шумо, ки моро интихоб кардед, ба мо эътимод доред ва бо мо ҳастед”,- иброз дошт Озодхон Давлатшоев

Иқдом аз 1 ноябр то 31 декабри соли 2019 идома ёфта, қуръакашии ниҳоии бурди ҷоизаҳо рӯзи 3 январи соли 2020 баргузор  гардид. Ғолибон тавассути қуръапартоии рақамҳои тасодуфӣ муайян шуда, тариқи пахши зинда дар телевизион намоиш дода шуд. Барои иштирок дар иқдом муштариро зарур буд, ки ба рақами кӯтоҳи 707 занг занад ва ё фармони  *707# -ро иҷро намояд. Пас аз ин, ба муштарӣ рақами мушаххаси инфиродӣ, ё худ ID-рақами ягона ирсол мегардид ва ин рақамҳо баъдан дар бурди ҷоизаҳои иштирок карданд.

Тайи муддати сипаришуда (аз 1 ноябр то 31 декабри соли 2019) 8 маротиба қуръакашии давраӣ баргузор шуда, дар ҳар кадоме аз ин бахшҳо ноутбук, смартфон ва телевизорҳо ба бозӣ гузошта шуданд. Ҳамаи ин бозиҳо тавассути телевизиони “Сафина” ва “ТВ Суғд” намоиш дода шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь