Аз марги Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва сардори собиқи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муалллиф ва таҳиягари барномаи телевизонии “Шухиҳои Аловуддин” як сол сипариӣ шуд.

Аловуддин Абдуллоев рӯзи 17-уми феврали соли 2022 дар синни 57-солагӣ, бар асараи сактаи дил, аз дунё даргузашт.

Марҳум соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа шуруъ кардааст. Ў ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин сол роҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. Абдуллоев се соли охири умр раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.

«Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст.

Дар филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Дар бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон иштирок кардааст.

Барномаи махсуси телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин», ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён буданд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст.

Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant низ буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here