Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани як нафар дар ҳодисаҳои ахири Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар дод. Дар хабаре, ки ВКД нашр кард, гуфта мешавад, ки се афсар низ дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки «16-уми майи соли ҷорӣ, соати 18.30 саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Мамадшоева Улфатхоним Масумовна ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Шерзамонов Алим, дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил карданд».

Дар идомаи хабари ВКД гуфта мешавад: «Соати тақрибан 20.40 ҳамин рӯз бо супориши Мамадбоқиров Мамадбоқир як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир Маҳтобшоевич, соли таваллудаш 1993, сокини маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона карда, норинҷаки дастиро таркониданд. Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид. Дар рафти амалётҳо маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд. Барои муайян кардани дигар аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь