80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байнанмилалӣ дар кишварҳои Аврупо ва Амрико дармонда буданд, бо як парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Франкфурт ба Душанбе оварда шуданд, иттилоъ медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
8-уми июл низ тавассути фурӯдгоҳи Франкфурт 161 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан баргардонида буданд.
Тибқи маълумоте, ки вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, 27-уми июл, дар нишасти хабариаш баён кард, дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандон ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Блоки рекламавӣ