Як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона, ки аз Амрико парвоз карда буд, ба майдони ҳавоии Тошканд фуруд омад. Дар ин бора Оҷонси иттилоотии “Дунё” хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ин навбати аввали чунин кумакҳои башардӯстона мебошад, ки аз тарафи Кунгураи байналмилалии яҳудиёни бухороии муқими Амрико ва хазинаи Global Jewish Assistance & Relief Network-и он ба Ӯзбекистон интиқол ёфтааст.

Дар ин навбат яҳудиёни бухороӣ 165 ҳазор дона ниқобҳои респиратории №95, 4 ҳазор дона-KN95 ва 100 ҳазор дона ниқобҳои сеқабата, дар маҷмӯъ 270 ҳазор дона ниқобҳои гуногуни тиббӣ фиристодаанд, ки нафаскашии инсонро осон мегардонидааст.

Ин воситаҳои муҳофизатии нафаскашӣ ба муассисаҳои тиббии саросари Ӯзбекистон фиристода хоҳад шуд. Қимати умумии он 330 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Тавре ки дар ин хабар таъкид шудааст, аз шаҳри Ню-Йорки Амрико ба Тошканд интиқол додани чунин кумакҳои башардӯстонаро мудири ширкати нақлиётӣ оид ба интиқоли мавод Фурқат Раҷабов бар дӯш гирифтааст. Вай зодаи Ӯзбекистон буда, дар ИМА машғули фаъолият мебошад.

Инчунин барои интиқоли ин маводи тиббӣ дипломатҳои ӯзбек аз консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Ню-Йорк ва Исроил низ мусоидат кардаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь