8-уми ноябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад. Ин рӯзест, ки дар худ тантанаи қудрати мардум, ҳуввияти миллиро таҷассум намуда дар таҳкими нуфуз ва рушди ояндаи давлат аҳамияти бебаҳо дорад.
Дар натиҷаи Ҷанги Ватанӣ, ки рӯзи 27 сентябр дар посух ба таҳрик ва таҷовузи навбатии низомии Арманистон оғоз шуд ва муддати 44 рӯз идома ёфт, Озарбойҷон заминҳои худро аз ишғоли бегона озод намуд; тибқи талаботи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин қарору фармонҳои сершумори дигар созмонҳои байналмилалӣ таъмини тамомияти арзии Озарбойҷон дар ҳудуди марзҳои байналмиллалӣ эътирофгардида ба даст омад. Ҳуқуқи қариб як миллион нафар муҳоҷирони иҷбории Озарбойҷон барои зистан дар хонахои худ барқарор гардид.
Дар фарҷоми ҷанги 44 рӯза, артиши қаҳрамони Озарбойҷон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи олии пирӯзманд, Президенти Озарбойҷон Илҳои Алиев, 300 маҳҳалаи ахолинишин, аз ҷумла шаҳрҳои Ҷабраил, Физулӣ, Зангилон, Қубодлӣ ва Шушоро, ки дар таърих ва маданияти халқи Озарбойҷон мавқеи махсусро доро мебошад, озод намуд. Бар асоси баёнияи сеҷониба, ки аз ҷониби раҳбарони Озарбойҷон, Русия ва Арманистон рӯзи 10 ноябри соли 2020 ба имзо расида буд, ба амалиёти ҷангӣ хотима дода шуд ва Арманистон бо эътирофи шикасти хеш, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз вилоятҳои Калбаҷар, Ағдом ва Лочин баровард. Бад-ин тариқ, муноқиша бо роҳи ҳарбию сиёсӣ ҳаллу фасл шуд.
Баъди ҷанг, дар назди Озарбойҷон вазифаи муҳими барқарор намудан ва аз нав эҳё намудани заминҳои озодшуда, инчунин аз минаҳо безарар гардондани онҳо меистод. Мақсади асосии ин фаъолияти пурсамар, таъмини бозгашти бемамоният ва бехатари муҳоҷирони иҷбории Озарбойҷон ба зодгоҳ ва хонаҳояшон мебошад, зеро ҳуқуқҳои бунёдии онҳо тӯли даҳсолаҳо поймол шудааст. Дар ҳамин раванд, ки вақт, захираҳои моддӣ ва талошҳои ҷиддиро металабад, Озарбойҷон танҳо нест, кишварҳои дӯст ва шарик бо мо дар эҳёи заминҳои озодшуда ширкат доранд. Солҳои наздик мо шоҳиди бозгашти аввалин муҳоҷирони дохилӣ ба хонаҳояшон хоҳем шуд.
Озарбойҷон иқдомоти марбут барои таҳқиқи фаъолияти ғайриқонунии Арманистон, ки дар доираи сиёсати таҷовузкоронаи тақрибан 30-солаи худ, нақзи қонунҳои байналмилалӣ, ҷиноятҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ҷиноят бар зидди муҳити зист, маданияту манотиқи маскунӣ анҷом додааст, бардошта, масъулони ин ҳодисаро ба ҷавобгарӣ дар назди адолати байналмиллали мекашад, ва ин тадбирҳо дар оянда идома хоҳад ёфт. Ҷазои гунаҳкорон аз ҷихати таъмини адолат ва дар оянда пешгирӣ кардани ин гуна ҷиноятҳо аҳамияти махсус дорад.
Асоси нақшаи дурнамои Озарбойҷонро таъмини сулҳи пойдор, рушд ва тараққиёт ташкил медиҳад. Дар натиҷаи аз байн бурдани омили ғасби қаламрави худ, Озарбойҷон омода аст муносибатҳоро бо Арманистон дар асоси риояи қатъии қонунҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус асосҳои соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои байналмилалӣ ба эътидол оварад. Барои таъмини сулҳу амнияти оянда дар минтақа, иҷрои пурраи муқаррароти изҳороти сеҷониба муҳим аст, ва Озарбойҷон интизор дорад, ки Арманистон ба иқдомоти он дар ин самт вокуниши муносиб диҳад.
Бояд гуфт, ки бо поёни муноқиша дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ воқеиятҳои нав ба вуҷуд омадааст ва ҳама бояд ин воқеиятҳоро бипазиранд. Арманистон метавонад аз ду якеро интихоб кунад, ё ҳамкориҳои минтақавиро, ё ин, ки пешбурди даъвоҳои ҳудудии ғайриқонунӣ ва беасоси худро алайҳи ҳамсояҳояш давом диҳад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ин самт нақши мусбат бозӣ кунад ва Арманистонро ба сулҳ даъват кунад, зеро ки роҳи дигаре мавҷуд нест. Талошҳои бевосита ё бовосита пуштибонӣ кардани фаъолияти ревоншистӣ дар Арманистон ва мусаллаҳгардонии он бояд хотима дод.
8 ноябр – Рӯзи Ғалаба саҳифаи пуршарафи таърихи халқи Озарбойҷон буда, дар худ тантанаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва адолатро таҷассум менамояд. Дар ин рӯзи фархунда мо ба ҳурмати хотираи шаҳидоне, ки барои озодӣ, истиқлолият ва якпорчагии Озарбойҷон ҷони худро қурбон кардаанд, эҳтиром мегузорем.