Шавкат Мирзиёев зимни ҷаъомади хос бо роҳбарони идораҳои давлатии кишвараш дар робита ба мубориза алайҳи коронавирус изҳорот пахш кард. Вай аз роҳбарону мардуми саросари кишвараш хост, ки дар дастаҷамъӣ аз пахшу сирояти коронавирус ҷилавгирӣ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ дар айни ҳол эпидемияи хавфноки коронавирус дар 160 кишвари дунё паҳн шудааст ва ҳудуди ҳафтуним ҳазор одам аз сирояти ин вирус ба ҳалокат расидаанд. Барои ҳамин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин беморӣ мақоми эпидемияи ҷаҳонӣ додааст.

Гуфта мешавад, ки дар Ӯзбекистон теъдоди сироятшудагони ин беморӣ 18 нафарро ташкил мекунанд.  9 нафари онҳо аъзои як хонавода ва пайвандони онҳо мебошанд. Президент Мирзиёев тазаккур дод, ки дар сурати пиёда накардани чораҳои фаврӣ метавонист теъдоди сироятшудагони ин вирус дар Ӯзбекистон боз бештар бошад.

– Дар айни ҳол 6 ҳазор нафар дар қарантин буда, дар шаш бемористон ва 8 тафреҳгоҳ мавриди муоинаву муолиҷаи табибон қарор доранд. Ба далели пахшу паҳни ин беморӣ тамоми чорабиниҳои оммавӣ лағв гардиданд. Аз 16 март толибилмони муассисаҳои таълимӣ ба таътил фиристода шуданд, 80 ҳазор донишҷӯ ба ҷойҳои истиқомати доимӣ рафтанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳоле, ки дар марз равуо хеле маҳдуд шудааст, аммо ҳамлу нақли мавод аз хориҷӣ кишвар ва ба хориҷи кишвар бидуни маҳдудият идома дорад. Вай гуфт, шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки аз хориҷа хоҳиши ба Ватан баргаштан доранд, тавассути хатсайри ҳавопаймоҳои  чартерӣ баргардонда мешаванд.

– Халқи мо пастиву баландиҳои зиёдро паси сар намудааст ва умедворам, ки онҳо вазъияти ба миёномадаро низ дуруст дарк мекунанд. Мо бояд ба тавсияҳои пизишкон гӯш диҳем ва ба қоидаҳои гигиенӣ қотеъона риоя кунем. Беҳтарин даво муроҷиати саривақтӣ ба пизишкону мутахассисон мебошад, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Тавре ки вай изофа намуд, барои баланд нарафтани нархи хӯрокворӣ ва эҳтиёҷи аввалияи мардум тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ин бахши кор бар ӯҳдаи кормандони идораҳои андоз ва Додситонии кулл вогузорӣ шудааст.

– Мардуми мо бояд донанд, ки захираҳои фаровон дорем ва барои нигаронӣ ва воҳима ягон асос вуҷуд надорад. Дар ин маврид бояд калонсолон, фаъолон, созмонҳои ҷавонону занон талош ба харҷ диҳанд, ки вазъ ба таври объективӣ ба мардум фаҳмонида шавад ва дар ин кор аз воситаҳои ахбор мебояд фаровон истифода намуд, – тавзеҳ дод Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди сарвари давлати Ӯзбекистон сониян, фарзандони мардум бояд дар вақти таътили иҷборӣ дарсҳояшонро аз тариқи барномаҳои телевизионӣ идома диҳанд ва филмҳо, барномаҳои муфиду шавқовар тамошо кунанд. Зимнан, падару модарон метавонанд дар ин муддат фарзандони худро бо адабиёти ҷаҳонӣ ва миллӣ ошно созанд.

– Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша маводи дурусту ҳаққонӣ пахш намекунанд. Баъзан дурӯғ мегӯянд ва мардумро ба таҳлука меандозанд. Барои ҳамин набояд ба пахши овозаҳо ва хабарҳои дуруғу беасос роҳ диҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тавре ки вай қайд кард, пахши эпидемияи ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвараш таъсири манфӣ ворид намуд ва инро бояд эътироф кард. Нархи як барел нафт аз 60 ба 30 доллар коҳиш ёфт ва имкон дорад, ки ин раванд ба коҳиши содироти гази Ӯзбекистон низ бетаъсир намонад. Гузашта аз ин, коҳиши воридоти асъори хориҷӣ ба Ӯзбекистон низ аз эҳтимол холӣ нахоҳад буд.

Президенти Ӯзбекистон аз Комиссияи махсуси таҳти раёсати нахуствазири кишвараш тақозо намуд, ки ба далели коҳиши теъдоди сайёҳони хориҷӣ бояд ба бахшҳои туризм, нақлиёт, дорушиносӣ ва саноати сабук ҷиҳати пардохти андоз, ҳамчунин баргардонидани қарзҳо, тартиби ҷаримаситониҳо таътили муваққатӣ эълон кунад.

Шавкат Мирзиёев  боз аз он ибрози ташвиш кард, ки базаи моддӣ-техникии муассисаҳои санитариву эпидемиологии кишвараш хеле заиф мебошад.  Вай гуфт, дар муддати 25 соли охир ҳолати дастгоҳҳои лабораторӣ ва пизишкии ин муассисаҳо нигаронкунанда боқӣ мондааст. Президенти Ӯзбекистон ҳокимони вилоятҳои кишварашро муваззаф намуд, ки дар муҷаҳҳаз намудани ин муассисаҳо, бо кадрҳо таъмин кардани он ва пардохти музди кормандонаш чораҳои мушаххас пиёда намоянд.

Шавкат Мирзиёев муборизаи қатъӣ ва дастаҷамъона бо  вируси  COVID-19-ро аз авлавиятҳои фаъолияти ҳар як роҳбари идораву муассисаи давлатии кишвараш арзёбӣ намуд.

Ба ақидаи коршиносон интизор меравад, ки чунин бархурди мақоми аввали давлати Ӯзбекистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳну пахши сирояти коронавирус дар ин мамлакат натиҷаҳои босамари худро хоҳад дод.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь