Иттиҳоди Аврупо барои вокуниш ба муноқишаи мусаллаҳона, ки дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар нимаи моҳи сентябр рух дод, ба маблағи беш аз 270 000 евро кӯмаки башардӯстона ҷудо кардааст.

Кӯмаки мазкур барои дастгирии тақрибан 12 000 нафар дар бархе аз манотиқи аз ҳама осебдида дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғд, инчунин водии Рашт ва ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда хоҳад шуд.

Маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тариқи Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Қирғизистон (ҶҲАҚ) ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷиҳати тақсими грантҳои нақдӣ бо мақсади дастгирии оилаҳои осебдида дар ҳарду кишвар, бахусус онҳое, ки хонаҳои худро аз даст додаанд, пешниҳод карда мешавад. Ҷомеаҳои осебдида инчунин тавассути фаъолият ва маводҳои дигар, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба таблиғи саломатӣ ва беҳдошт, маводҳои гигиенӣ ва кӯмаки равонӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Маблағгузории мазкур дар доираи саҳми умумии ИА ба Хазинаи кӯмаки таъҷилӣ дар ҳолати офатҳо (DREF)-и Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар (IFRC) ва инчунин Барномаи шарикӣ бо IFRC барои пешниҳоди кӯмаки муассир ва суроғавӣ дар сатҳи маҳал ба ҷамоатҳои ниёзманд пешниҳод карда мешавад.

Дар натиҷаи баҳс вобаста ба дастрасӣ ба об, роҳ ва чарогоҳҳо, ки дар марзи баҳсбарангез санаи 14 сентябр ба муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт, дар ноҳияҳои наздисарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар кушта ва беш аз 150 000 нафар маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳои шадиди дурӯзаи миёни нерӯҳои қирғизу тоҷик инчунин садҳо манзил, иншооти ҷамъиятӣ ва инфрасохтор ҳисорот дида, шумораи бисёри мардум манзил, амвол, маводи ғизоӣ ва манобеъи зиндагии худро аз даст доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь