Сарвазири собиқи Итолиё Силвио Берлусконӣ даргузашт. Рӯзи 9-уми июн хабар дода шуд, ки сиёсатмадори 86-сола ба бахши эҳёгарии шуъбаи бемориҳои дили бемористони Милан интиқол ёфт. Ба гузориши Corriere della Sera, Берлусконӣ дар бемористони Сан-Рафаели Милан даргузашт.
Моҳи апрел сиёсатмадор бо далели уфунати шуши марбут ба саратони хуни музмин дар беморхона бистарӣ шуда буд.
Силвио Берлусконӣ як магнати васоити ахбори омма, яке аз сарватмандтарин афроди Итолиё ва дарозумтарин сиёсатмадори Итолиё аст, ки муддати тӯлонӣ дар ин кишвар ба ҳайси нахуствазир кор кардааст.
Фаъолияти сиёсӣ ва тиҷоратии Берлусконӣ бо ҷанҷолҳои зиёд ҳамроҳ буд ва изҳороти ӯ аксар вақт мавриди интиқодҳои шадид қарор мегирифт.
Берлусконӣ бори нахуст соли 1994 – ҳамагӣ ду моҳ пас аз таъсиси ҳизби Форза Итолиё раиси ҳукумати Итолиё шуд. Ҳоло ин ҳизб узви эътилофи ҳоким аст ва худи Берлусконӣ аз моҳи сентябри соли гузашта дар сенати 19-ум ҳузур дорад.
Берлусконӣ борҳо ба додгоҳ кашида шуда буд, аммо ҳар дафъа ба шарофати истеъдоди бебаҳои худ ва инчунин набудани далелҳои мустақими гуноҳаш тавонист аз он халос шавад.