Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  57 адад компютер, 57 адад принтер  ва 57 адад USB модем барои пайвастшавӣ ба интернет дар доираи лоиҳаи тақвият додани иқтидори институтсионалии вазорат, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ  карда мешавад, таҳвил дод.

Вазорати кишоварзӣ таҷҳизоти мазкурро ба раёсатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳо баҳри мусоидат намудан ба ҷамъоварии иттилоот дар саҳро, ки ба коршиносони соҳаи кишоварзӣ имконияти беҳтари низоми таҳлил ва ҳисоботдиҳиро фароҳам меорад, дастрас хоҳад кард.

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон соҳаи хеле мураккаб ба шумор рафта дорои иқтидори бузург мебошад ва ҳамзамон ба ворид кардани технологияҳои нав ва инноватсионӣ ниёз дорад. Истифодаи компютерҳо ба рушди тамоми занҷираи истеҳсолотӣ-фурӯшии соҳаи кишоварзӣ, сар карда аз истеҳсолот то истеъмолкунандаи ниҳой, афзоиши самаранокии истеҳсолот, коркард, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва интиқол, фурӯши чакана ва истеъмол метавонад мусоидат намояд.

Мукаммалгардонии дастрасӣ ба иттилоот ва маълумоти босифат барои фаъолияти кишоварзӣ ба қабули беҳтари қарорҳо ва рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард. Масалан, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ба деҳқонон имкон медиҳад, ки кишти мувофиқро ба нақша гиранд, зироатҳоро барои кишт муайян созанд ва дар бораи бозор маълумот гиранд. Суръати мубодилаи иттилоот байни агробизнес ва вазорат афзоиш меёбад. Ин раванд имкон медиҳад, ки ба эҳтиёҷоти деҳқонон саривақт вокуниш нишон дода шавад ва ё ҳангоми паҳн гаштани касалиҳо ва ҳашароти зараррасон нақшаи бартарафсозии онҳо таҳия карда шавад.

“Таҷҳизоти компютерӣ дар соҳаи кишоварзӣ нақши муҳимеро мебозад,” қайд намуд Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. “Соҳаи кишоварзӣ аз технологияҳои замонавӣ вобастагии зиёд дорад ва ин ҳар чӣ бештар зоҳир мегардад. Барои иштирок намудан ва қабули қарорҳои асоснок дар ин соҳа шахсони мутасаддӣ бояд имкони ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро дошта бошанд.”

Ҳар як марҳилаи занҷираи истеҳсолоти маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳам алоқаманданд ва ба таври хеле мураккаб амал мекунанд. Маҳз дар ҳамин масъала компютерҳо ва барномаҳои ба онҳо марбута ба кор меоянд, ки соҳаи кишоварзиро дар нақшаҳои дарозмуддат хеле самаранок ва судманд, даромаднок ва устувор месозанд.

“Таҷҳизоти компютерӣ бо пайвастшавӣ ба интернет ба шарикони мо имкон медиҳад, ки дар бораи усулу технологияҳое, ки дар ФАО ва дигар шарикони сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ мавҷуд ҳастанд бохабар гарданд, мониторинги маълумоти муҳими бозорро гузаронанд ва барои қабули қарорҳои беҳтар дигар маълумотро истифода баранд,” илова кард Гучгелдиев. “Ҳамин тавр ин иқдом бояд ба истифодаи беҳтари захираҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои истеҳсолӣ ва амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад.”

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори техникии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ҳамкории дерина дорад. Соҳаҳои муштараки ҳамкорӣ  масъалаҳои марбут ба ислоҳоти институтсионалӣ ва таҳкими иқтидори Вазорати кишоварзӣ, истифодаи модели шарикии хусусӣ-давлатӣ оид ба ислоҳоти корхонаҳои воҳиди давлатӣ, пилотикунонии маҷмуи ислоҳот дар чор минтақаи  амалкунандаи лоиҳа, таҳияи сиёсат ва стратегияро дар бар мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь