Дар шаҳри Душанбе 36 адад истгоҳи наву замонавии нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Истгоҳҳои нав дар асоси лоиҳаи ҶДММ «ҶиЭм-Партнёр» дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯйнамои намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд.

Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт ва рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.

Ҳамчунин, тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст. Истгоҳҳои наву замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт – майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд.

Дар 18 истгоҳ дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва дигар лавозимоти зарурӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳудуд ва атрофи истгоҳҳо тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби КВД «Ободонии шаҳри Душанбе» ва ҶДММ «Фарзин» оғоз гардида, дар 4 моҳ пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь