Соҳаи саноат – муҳаррики муҳим ва асосии истеҳсолоти ватанӣ аст. Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватанамон замина гузошта, худ як имконияти мусоид барои истифодаи маблағҳои қарзӣ гардидааст.
Имруз Бонки Эсхата ба мизоҷон – соҳибкорони тиҷорати миёна ва корпоративӣ дастгирии молиявиро дар намуди қарз пешниҳод менамояд.
Акнун маҳсулоти нави қарзӣ бо номи “Рушди саноат” бо шартҳои муфид дастраси мизоҷон аст. Ҳадаф аз коркарди чунин маҳсулоти қарзӣ пеш аз ҳама мусоидат ба давлат дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ, зиёд намудани ҳаҷми сандуқи қарзии тиҷорати хурду миена ва корпоративӣ ва дастгирии соҳибкорон дар самти ривоҷу равнақ додани истеҳсолоти ватанӣ.
Шартҳои қарзи “Рушди саноат”:
Маблағи қарз то 35 млн.сомонӣ (баробар бо асъори хориҷӣ)
Муҳлати карз то 36 моҳ барои қарзҳо бо асъори миллӣ
то 60 моҳ барои қарзҳо бо асъори хориҷӣ, агар мақсади
қарз зиед намудани воситаҳои асосӣ бошад
Фоизи қарз барои қарзҳо бо асъори миллӣ аз 20% то 22% солона
Фоизи қарз барои қарзҳо бо асъори хориҷӣ аз 10% то 12% солона
Бонк истеҳсолоти ватаниро дастгирӣ менамояд. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки Эсхата дар ҳаҷми 2 544 921 876 сомони маблағи қарзӣ пешниҳод гардидааст.
Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ, мо якҷоя баҳри рушди соҳаи саноати кишвар саҳмгузорем.
Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”