Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Истаравшан майдончаҳои варзишии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59 мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар додааст.
Майдончаҳо аз майдони бозии волейбол барои синфҳои поёнӣ, майдони бозии волейбол барои синфҳои болоӣ, майдонча барои баргузории дарси омодагии дифои ҳарбӣ ва майдони замонавии футболи хурд бо сабзаи сунъӣ иборат аст. Он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии кумитаи падару модарон дар давоми як сол бунёд гардидааст.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ барои саҳмгузорӣ ба кумитаи падару модарон ва нафароне, ки иқдоми созандагиро дастгирӣ намуданд, миннатдорӣ баён кард.