Қисса ва ҳикоятҳое, ки ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шуда, номвар гардидаанд, дар китобе бо номи «Қисса ва ҳикояҳое, ки ба 43 забони олам тарҷумаю нашр шудаанд» ба дасти хонанда расид.
Умуман нигоштаҳои муаллифи ин асар, яъне Шераки Ориён, ба 43 забони олам, аз он ҷумла бо забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испониву арабӣ ва ғайра тарҷумаю нашр шудаанд. Вай муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда, 96-то бо тоҷикӣ, 11-то бо русӣ, чорто бо инглисӣ ва сето бо ӯзбекӣ, мебошад.
Шераки Ориён ҳамчунин муаллифи зиёда аз чил филми бадеӣ, фалсафӣ ва тасвириву санадӣ маҳсуб шуда, эҷодиёташ ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст.
Навиштаҳои Шераки Ориён ба китобҳои дарсии кишварҳои дигар ворид гардидаанд, баъзе асарҳояш, хосатан китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?», чун дастури таълимӣ барои Донишгоҳ ва Донишкадаҳои як қатор мамолики дунё мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Килки истеъдодаш килки заррин, яъне тилоӣ эълон шудааст, ки аз он сеҳр мерезаду асрор. Яъне вай дорандаи ҷоизаи хосаи «Килки заррин» мебошад.
Китоби навбатии Шераки Ориён, ки беҳтарин қиссаву ҳикоятҳои варо фарогир шудаанд, бо дастгирӣ ва маблағгузории фарди фозилу фарҳангӣ ва прокурори варзида Мақсуди Муртазо ба табъ расида, мураттиби асар шоир, пажуҳишгар, матншинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Иброҳим Наққош мебошад.
Ҳамчунин дар оғоз ва анҷоми китоб иқтибосҳо оварда шудаанд аз адиби аввалтози адабиёт рус Анатолий Ким ва академики АМТ А. Раҳмонзода ва академики академияи тасвиргарии Русия С. Закир ва ҳамчуннин профессори номвар Зоя Асманова. Ва мусоҳибаи адабиётшиноси номвар, намояндаи адабиёти тоҷик дар Маскав Шавкат Ниёзӣ (бародари Фотеҳ Ниёзӣ) бо хафтаномаи “Настальгия» (Маскав) низ дарҷ шудааст, ки ҳамагӣ доири насри тоҷик ва осори Шераки Ориён баҳс мекунанд.
Садоқат Ширинбекова