Артиши Исроил қасд дорад дар чаҳорчӯби марҳалаи нави амалиёти низомӣ алайҳи Ҳамос то 75 дарсади навори Ғаззаро зери назорат бигирад. Дар ин бора нашрияи The Times of Israel бо такя ба санадҳои дохилии нерӯҳои Исроил хабар додааст.
Ба навиштаи нашрия, нерӯҳои исроилӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсади ин ҳудудро таҳти назорат доранд. Дар давоми ду моҳи оянда ба анҷом расондани 35 дарсади боқимондаи ҳудуд ба нақша гирифта шудааст. Аҳолии осоишта беш аз ду миллион нафар ба “минтақаҳои амн”-и воқеъ дар минтақаи Ал-Мавасӣ дар соҳили ҷанубӣ, инчунин дар қисматҳои марказии Ғазза – Дайр-ул-Балаҳ, Нусейрат ва қисмате аз шаҳри Ғазза интиқол дода мешаванд.
Манобеи низомӣ мегӯянд, ки неруҳои Исроил ба тахриби зерсохтори Ҳамос, аз ҷумла шабакаи нақби зеризаминӣ, ки тахминан 900 километр тӯл дорад, тамаркуз кардаанд. Ҳоло қариб 25 дарсади ин иртиботҳо барҳам дода шудаанд.