СММ пешниҳоди Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти миллии Исроилро дар мавриди бунёди каниса (синагоаг) дар ҷойи масҷиди Ал-Ақсо, дар шарқии ишғолшудаи Байтулмуқаддас, маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории Anadolu хабар додааст.

“Ин гуна изҳорот хатари шадидтар шудани вазъро, ки бе ин ҳам муташанниҷ аст, зиёд мекунад,” гуфт сухангӯи СММ Стефан Дюжаррик дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Вай афзуд, ки дар мавриди мавзеъҳои муқаддаси Байтулмуқаддас, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, «статус-кво» мавҷуд аст, ки бояд ҳама эҳтиром дошта бошанд. Дюжаррик даъват кард, ки созишнома хам дар амал ва хам дар изхороти оммавй риоя карда шавад, то ки минбаъд вазъият шиддат нагирад.

25-уми август вазир Бен-Гвир эълон кард, ки яҳудиён ҳақ доранд дар масҷиди Ал-Ақсо намоз гузоранд ва ваъда дод, ки дар он ҷо каниса бунёд мекунанд. Дар моҳҳои охир ӯ борҳо хостори иҷозати расму ойинҳои яҳудӣ дар маҷмааи масҷид шуда буд.

Масҷиди Ал-Ақсо сеюмин муқаддастарин макони Ислом маҳсуб мешавад. Яҳудиён ин мавзеъро “Кӯҳи маъбад” меноманд ва бовар доранд, ки дар он ҷо ду маъбади яҳудиёни қадим вуҷуд дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь