Рӯзи шанбеи гузашта марҳилаи навбатии мубодила ба анҷом расид, се гаравгони исроилӣ ва 183 маҳбуси фаластинӣ озод шуданд.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу баъд аз нишасти кобинаи низомию сиёсӣ гуфт, агар Ҳамос то нисфирӯзии 15-уми феврал гаравгонҳои исроилиро раҳо накунад, Исроил “амалиёти шадиди низомӣ” дар навори Ғаззаро аз сар хоҳад гирифт, менависад Meduza.
Нахуствазири Исроил мушаххас накардааст, ки ин гурӯҳ бояд чанд гаравгонро озод кунад. The Times of Israel кайд мекунад, ки мувофиқи шартҳои созишномаи сулҳ се гаравгони исроилӣ бояд рӯзи шанбе озод карда шаванд. Як манбаъи нашрия қаблан хабар дода буд, ки то 15-уми феврал озодии 9 гаравгонро метавон баррасӣ кард.
Нетаняҳу қайд кард, ки кобинаи низомию сиёсӣ дар як ҷаласа, “аз вазъи даҳшатноки се гаравгон, ки рӯзи шанбеи гузашта озод шуданд, изҳори нигаронӣ кардааст”.
Ҳамос рӯзи 10-уми феврал эълон кард, ки раҳоии гурӯҳи навбатии гаравгонҳои исроилиро лағв кардааст. Қарор буд, ин мубодила рӯзи 15-уми феврал баргузор шавад. Ин гурӯҳ далели ин тасмимро нақзи созишномаҳои сулҳ аз ҷониби Исроил унвон кардааст. Ҳамос Исроилро муттаҳам кард, ки аз бозгашти сокинони навори Ғазза дар шимоли кишвар монеъ мешавад ва иҷозаи кумаки башардӯстона ба минтақаро надодааст.