Нерӯҳои дифои Исроил рӯзи 18-уми май аз оғози як маъракаи густурдаи низомӣ бо номи “Аробаҳои Ҷидъун” дар шимол ва ҷануби навори Ғазза хабар доданд. Ин матлаб дар баёнияи расмии мунташиршудаиканали телеграми артиши Исроил эълом шуд.

Дар амалиёт ҳам неруҳои фаъол ва ҳам захираҳои артиш ҳузур доранд. Ба гуфтаи артиш, нирӯҳо то кунун даҳҳо ҷангҷӯро куштанд, иншооти зерсохтори террористиро ҳам дар боло ва ҳам дар зери замин барҳам доданд ва дар ҳоли ҳозир мавқеъҳои калидӣ дар ин бахшро мустаҳкам мекунанд.

Нерӯҳои ҳавоии Исроил дар як ҳафтаи гузашта дар остонаи ҳамлаи заминӣ беш аз 670 ҳамлаи ҳавоӣ ба ҳадафҳои Ҳамос, аз ҷумла анборҳои аслиҳа, партоби мушакҳои зиддитанкӣ ва иншооти зеризаминӣ анҷом додаанд.

“Неруҳои дифои Исроил амалиёти худро алайҳи созмонҳои террористӣ дар навори Ғазза идома хоҳад дод, то аз мардуми осоиштаи исроилӣ ҳимоят карда шавад”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ҷасади чанд тан аз ҳамосиҳо, аз қабили Муҳаммад Синвор (бародари Яҳё Синвор, раҳбари пешини Ҳамос) ва дигарон баъд аз ин ҳамлаҳо пайдо шудааст, аммо ин хабарҳо аз ҷонибе тасдиқ ё рад нашудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь