Ҳуқумати шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори умум озмуни шаҳриро байни адибон, нависандагон ва рӯзноманигорон эълон мекунад.

Дар озмун адибон ва журналистони ВАО-и Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият, давлатӣ ё хусусӣ иштирок кардан метавонанд. Эҷодкорон бояд маводҳои худро оид ба рушди сайёҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои вобаста ба шарҳи Ҳисор дар матбуоти кишвар ба табъ расонанд. Ғолибони озмун мукофотонида мешаванд. Барои ҷойи аввал 25000 сомонӣ ҷоиза пешбинӣ шудааст. Ҷоиза дар арафаи “Иди матбуоти тоҷик” супорида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь