30-юми июн бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври дуюми Ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо” доир гардид. Дар Фестивали мазкур вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт бо намоиш додани либосҳои хуштарҳу рангоранг иштирок карданд.
Бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” низ бо муаррифии либоси касбии хеш дар ҷашнвораи мазкур фаъолона ширкат карда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Моҳияти баргузории Ҷашнвораи “Ҷилваи рангҳо” тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор кардани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занону мардон мебошад.