27-28-уми октябри соли ҷорӣ зери роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Назирӣ Гулбаҳор Назир, намояндагони тамоми ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ҷиҳати иштирок дар машварати корӣ байни ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ва ташкилотҳои қарзии молиявии Федератсияи Россия ба Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дода шуд.
Дар баробари роҳбарони дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. низ дар машварат иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки баргузории машварати мазкур барои баррасӣ намудани масъалаҳои марбут ба рушди бахши молиявии кишварҳои аъзо муҳим буда, ҷиҳати дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳа имкониятҳои навро фароҳам месозад.
Зикр шуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ҳануз боқӣ мондааст, ки ин ҳолат дар таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бахусус бахши молиявӣ мушкилоти муайянеро ба миён меорад.
Аз ин рӯ, танҳо тавассути талошҳои софдилона, ҳамкориҳои мутақобила ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҷонибҳо ба рушди устувори муштарак ноил гардидан имконпазир аст.
Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. бо роҳбарони якчанд бонкҳои Федератсияи Россия ва низомҳои интиқолии амалкунанда мулоқот намуда, фаъолияти Амонатбонкро, ки ҳамчун бонки низомсозӣ кишвар ба ҳисоб меравад муаррифӣ намуд.
Дар ин замина масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда бо бонкҳои Федератсияи Россия баррасӣ гардид, ки ин дар навбати худ барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ шароитҳои муфидро фароҳам хоҳад овард.