Тахминан соатҳои 22:00-и шаби 22-юми декабри хонаи Довудов Муҳаммадҷон, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, мавриди тирпаронӣ қарор гирифт, хабар медиҳад сухангӯи шаҳрдори Исфара Зубайдулло Шомадов.

Ба иттилои Шомадов, дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи истиқоматии Довудов Муҳаммадҷон шикаста, тир то ба ҷойи хоб ва деворҳои хонааш бархӯрдааст.

“Хушбахтона ягон ҷароҳат ба соҳибхона нарасидааст ва ҳоло вазъ ором аст”, – гуфт Шомадов.

Тахминан ду ҳафта пештар низ якчанд моли калони шохдори ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қиргизҳо рабуда шуда буд ва танҳо баъди дахолати масъулин говҳо баргардонида шуда буданд.

Дар муноқишаи моҳи апрели соли равон низ хонаи ин сокини Сомониён аз тарафи сокинони деҳаи Куктош пурра ба коми оташ рафта буд, ки бо кумаки мақомоти иҷроия аз нав бунёд гардид.

Як рӯз пеш аз ин ҳодисаи тиркушоӣ, дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон низ тиркушоӣ шуда буд. Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо расонаҳои қирғиз бо такя ба иттилои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварашон навиштанд, ки зуҳри 22-уми декабр се марзбони тоҷик ба сӯйи мошини «КамАЗ» дар роҳи «Мақсат-Жаштик» тир холӣ кардаанд.

Деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлаки кишвари ҳамсоя бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Ин расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, дар пайи тиркушоии марзбонони тоҷик Бектемир Муталиев як ронандаи 47-солаи мошини обкаш захмӣ шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, тибқи маълумоти пешакӣ ронанда мошини обкашони «КамАЗ»-ро дар шоҳроҳи «Мақсат-Жаштык» идора мекард ва бо мақсади обгирӣ ба ҷӯйборе мерафт. Гуфта мешавад гӯё се низомии тоҷик дар ин вақт ба назди ин ронанда омада ба мошинаш савор мешаванд ва кӯшиши ба марзи Тоҷикистон гузаронидани ин шаҳрванди Қирғизистонро кардаанд.

Қаблан расонаҳои қирғиз иттилоъ дода буд, ки дар пайи ин тиркушоӣ дар назар аст мақомоти ду ҷониби марзи ноҳияи Лайлак бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтушунид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъди чанд соат ва шаби ин ҳодиса марзбонони қирғиз ба хонаи сокини деҳаи Сомониён чанд тир холӣ кардаанд.

Расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, ки пар пайи ҳодисаи дирӯза нафарони масъули марзбони ҳар ду тараф мулоқот карда, ҳодисаро баррасӣ кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь